Top Banner

БАРГУЗОРИИ ВОХӮРӢ БО САРМОЯГУЗОРОН АЗ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН

27 январ 2026
Имрӯз вохӯрии ҳайати Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо намояндагони ширкатҳои сармоягузори чинӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳои чинӣ ва имкониятҳои васеи сармоягузории пойтахт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ҷиҳати ҷалби маблағгузорӣ барои бунёди нерӯгоҳҳои барқии офтобӣ, ташкили занҷираҳои офтобӣ ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои дигари афзалиятноки пойтахт мубодилаи афкор намуданд.