РАЁСАТИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ИДОРАИ МОЛУ МУЛКИ ДАВЛАТИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Баргузории вохӯрӣ бо намояндагони бахши хусусии Ҷумҳурии Исломии Эрон

21 ноябр 2025
21.11.2025. шаҳри Душанбе. Имрӯз мулоқоти сардори Раёсати самроягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии шаҳри Душанбе бо намояндаи бахши хусусӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон Ризо Фотеҳӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба имкониятҳои рушди ҳамкорӣ, ҷалби сармоя ва истеҳсолу интиқоли маҳсулоти рақобатпазир, аз ҷумла дар самти сайёҳӣ ва саноатӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати баррасии лоиҳаҳои муштарак ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ изҳор намуда, барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои зикршуда изҳори омодагӣ намуданд.