Имрӯз, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хониши сиёсӣ бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Раёсат ва намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.
Сардори Раёсат Давлатзода Д.Р. дар суханронии худ таъкид намуд, ки мо — яке аз миллатҳои хушбахту саодатманд ҳастем, ки аз неъмати бузурги Истиқлолияти давлатӣ баҳравар гардидаем. Ӯ зикр кард, ки ин дастоварди таърихӣ осон ба даст наомада, натиҷаи заҳмати бузургу ҷонфидоии фарзандони шуҷои миллат аст.
Ба гуфтаи ӯ, маҳз истиқлол имконият фароҳам овард, ки ҷаҳониён миллати тоҷикро шиносанд, ва моро водор сохт, ки барои имрӯз ва фардои худ бо эҳсоси баланди масъулият тасмим бигирем.
Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода У. дар суханронии худ таъкид намуд, ки рисолати ҳар як хизматчии давлатӣ ва аъзои ҳизб аз он иборат аст, ки идеяҳои асосии давлатдорӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро дар миёни мардум фаъолона тарғиб ва татбиқ намоянд.
Ӯ илова кард, ки дар роҳи бунёдкориву созандагӣ, кору пайкори ибратомӯз ва андешаҳои ҷаҳонсози Пешвои миллат барои ҳар яки мо сармашқи ибрат ва пайравӣ мебошанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки барои побарҷо мондани истиқлолияти миллӣ, ҳар як фарди ҷомеа бояд бо виҷдони пок, софдилона ва садоқатмандона ба Ватан хизмат намояд.