РАЁСАТИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ИДОРАИ МОЛУ МУЛКИ ДАВЛАТИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

19-уми декабри соли 2025 дар шаҳри Токиои Кишвари Ҷопон Форуми соҳибкории «Тоҷикистон – Ҷопон» баргузор гардид.

20 декабр 2025

Форум ҳамчун майдони муҳими муколама барои баррасии дурнамои густариши ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба байни Тоҷикистон ва Ҷопон, инчунин таҳкими робитаҳои корӣ миёни намояндагони сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусии ҳарду кишвар баромад намуд.

Дар кори Форум беш аз 70 намоянда аз мақомоти давлатӣ, доираҳои соҳибкорӣ, ниҳодҳои сармоягузорӣ ва молиявии ду кишвар иштирок варзиданд.