Имрӯз муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон бо роҳбари корҳои ташрифотӣ ва маъмурии Ҳукумати Фландрияи Шоҳигарии Белгия, хонум Ҷилл Виллем Суетенс, мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили таҳкими ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва минтақаи Фландрияро дар самтҳои иқтисоду сармоягузорӣ, илму техника, саноатикунонӣ, рақамикунонӣ, рушди энергияи сабз, мудирияти ҳушманд ва истифодаи зарфиятҳои сайёҳӣ баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо изҳори назар карданд, ки таҳкими робитаҳои мустақим миёни бахшҳои дахлдори ҳар ду ҷониб метавонад ба табодули таҷриба, ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ мусоидат намояд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳуми тарафайн баргузор гардид.