РАЁСАТИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ИДОРАИ МОЛУ МУЛКИ ДАВЛАТИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Вохӯрии роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Ҳукумати Фландрияи шоҳигарии Белгия

12 август 2025

12 августи соли 2025 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вохӯрии роҳбарияти Кумита бо ҳайати Фландрияи Подшоҳии Белгия, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамоҳои ҳамкориро дар самтҳои сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва тиҷорат баррасӣ намуда, дар бораи имкониятҳои тавсеаи ҳамкории бахши хусусӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ мубодилаи афкор карданд.

Дар ҷараёни суҳбат таъкид гардид, ки Таджикистон барои густариши робитаҳои иқтисодиву сармоягузорӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Подшоҳии Белгия, манфиатдор мебошад.

Дар анҷоми мулоқот роҳбарияти Кумита меҳмононро барои иштирок дар Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025», ки моҳи октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.
Ҷонибҳо изҳори умед карданд, ки мулоқоти мазкур оғози марҳалаи нави ҳамкории судманд хоҳад шуд.