Top Banner

ВOХӮРИИ САРДОРИ РАЁСАТИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ИДОРАИ МОЛУ МУЛКИ ДАВЛАТИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО САРМОЯГУЗАРОНИ ДАВЛАТИ ҚАТАР.

07 май 2024

ш. Душанбе, 07 майи соли 2024.
Имрӯз дар Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мулоқоти Сардори Раёсат Давлатзода Давлат Раҳмон бо сармоягузори Давлати Қатар Насир Муҳаммад Ал-Наимӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар самти сармоягузорӣ, аз ҷумла имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои минбаъда ва густариши робитаҳои иқтисодӣ миёни бахшҳои давлатӣ ва хусусии ҳар ду ҷониб изҳор намуданд.