Top Banner

Мулоқот бо сармоягузорон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин

20 август 2025

Имрӯз вохӯрии намояндагони Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии шаҳри Душанбе бо намояндагони ширкати чинии “Дамингун” (Damingong) баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба имкониятҳои рушди ҳамкорӣ, ҷалби сармоя ва интиқоли маҳсулоти рақобатпазир ба бозори пойтахт мубодилаи афкор намуданд.

Ҷониби ширкати чинӣ ҳавсмандии худро нисбат ба татбиқи лоиҳаи сохтмони маҷмааи бисёрҳадаф, ки аз меҳмонхона, маркази савдо (гипермаркет), тарабхона, маркази фурӯши мебели хушсифат ва масолеҳи сохтмонӣ иборат хоҳад буд, изҳор дошт.

Дар анҷоми мулоқот роҳбарияти Раёсат меҳмононро барои иштирок дар Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025», ки моҳи октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.
Ҷонибҳо инчунин ҷиҳати пайгирии масъалаҳои баррасигардида ва роҳандозии тадбирҳои амалӣ ба мувофиқа расиданд.