РАЁСАТИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ИДОРАИ МОЛУ МУЛКИ ДАВЛАТИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Эълон

12 январ 2026

 

 

Эълон

Комиссияи шаҳрӣ оид ба хусусигардонии моликияти коммуналии шаҳри Душанбе, музоядаро бо усули англисӣ барои иншооти моликияти коммуналии шаҳри Душанбе мегузаронад.

 

Лот №

 

Номгуй ва суроғаи ҷойгиршавӣ

Масоҳати умумии объект, м.м.

 

Арзиши баҳододашуда, сомонӣ

 

Нархи ибтидоии музоядавӣ,

сомонӣ

Лоти №1

Бинои қаҳвахонаи “Анзоб”, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кўчаи Деҳнаваки боло

614,9

697666,0

697666,0

 

       Музоядаи №1. Пардохти кафолатнок барои иштирок дар музояда дар ҳаҷми 350 нишондиҳанда бо сомонӣ, қадами тағйирёбии нархи фурӯши лотҳо дар музояда аз рӯи меъёри 5 % оғоз мегардад.

        Дар сурати ғолиб омадан, харидор илова бар ин, ба суратҳисоби фурӯшанда боҷи комиссионӣ 5 % аз нархи фурӯш ва боҷи давлатӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бољи давлатӣ» ба андозаи 0,5%-ро пардохт менамояд.

       Музояда рӯзи 12 феврали соли 2026 дар бинои Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, соати 10:00 баргузор мегардад.

      Дархостҳо барои иштирок то соати 9:00 рӯзи гузаронидани музояда қабул карда мешаванд.

       Суроға: хиёбони Рўдакӣ 40, телефонҳо: 227-96-39, 221-17-23.